Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Руйдодҳо

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониёнро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.  Дар вақти кофтукови манзили истиқоматиаш хулучаҳои зардчатоб вазни умумиашон 6,06-грамм аз хулуи метали қимматбаҳои “тилло”, ки арзишашон 1848-сомониро ....
30.03.2018 09:32 1445


Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар зани 33-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2014, зани 46-солаи сокини кӯчаи Кайҳонавардони шаҳри Бохтар бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 17800-доллари амрикоӣ, 365000-рубли Федератсияи Россия ....
30.03.2018 09:28 1221


Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 21-уми марти соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба марди 32-сола ва зани 32-солаи сокинони ....
30.03.2018 09:22 1561


29-уми марти соли 2018, тахминан соати 07:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-53202”, Муродов Наҷибулло Саидбекович, соли таваллудаш 1982, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти н.Айнӣ, дар ҳудуди деҳаи Фанфароқи н.Варзоб бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дар роҳи ....
30.03.2018 09:18 1518


28-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико», Медибоев Дилшод Акрамович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Патари ш.Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Шифои ҷамоати деҳоти мазкур, суръати ҳаракати воситаи нақлиётро баланд карда, дар вақти гардиш аз ....
30.03.2018 09:12 1647


Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 41-солаи сокини кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ҳангоми дар кӯчаи Синои пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бо корди дар дасташ буда, ӯро таҳдид намуда, аз автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота-Каролла” фароварда, ....
29.03.2018 09:24 1696


Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар шаҳри Исфара ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 51-солаи сокини кӯчаи Бинокори шаҳри мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи августи соли 2010 ҳангоми дар вазифаи сардори корхонаи Воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар ш.Исфара кор ....
29.03.2018 09:18 1681


27-уми марти соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, Юсуфов Тоҳир Мирзораҷабович, соли таваллудаш 1984, ронандаи КВД “Партовкашон”-и н.Фирдавсии ш.Душанбе, сокини ш.Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Рӯдакӣ-Душанбе”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи ....
29.03.2018 09:12 1439


Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 37-солаи сокини кӯчаи Қазоқони пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2017, марди 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.  Ҳамин тариқ ....
28.03.2018 09:07 1597




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика