Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ ва ташкили викторина дар шаҳри Исфара

IMG-43899ca2a78861a142160d07fc0b1cab-V

Рӯзи 2 декабри соли равон гурӯҳи ҷавонони фаъол, ки бо роҳбаладии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор доранд, дар Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Қасри фарҳанги шаҳри Исфара бо ҳамсолони худ вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар чорабинӣ ҷавонони фаъол оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолият ибрози назар намуда, қайд карданд, ки ҷавонон нерӯи созанда, насли пешбарандаи ҷомеа ва тақдирсози ҳар миллату давлат маҳсуб ёфта, ояндаи дурухшони ҳар кишвар аз ҷавонону наврасони он вобаста аст.
Зикр гардид, ки ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфтани ҷавонон, рушду такомули насли наврас, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, омӯзиши касби ҳунар, донишу истеъдод, ба ҳаёти солиму намунавӣ роҳнамоӣ намудани ин насли ояндасоз тамоми шароит ва имкониятҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда шудааст.
Дар идома байни ҷавонони фаъоли шаҳри Исфара викторонаи ҳозирҷавобӣ доир гардид. Ҷавонон бо иштироки фаъолона дар викторина донишу маҳорати худро такмил доданд.
Ҳамзамон ҷавонони фаъол барои болидарӯҳии иштирокчиён чорабинии фарҳангӣ доир намуданд.
Баъди анҷоми чорабинии мазкур чавонон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Исфара дидан намуда, ба оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони ВКД кӯмаки якдафъаина аз номи Вазири корҳои дохилӣ расониданд.
Сайёҳат ва вохӯрии ҷавонони фаъол бо ҳамсолони хеш дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

IMG-5a39331dc6f36ffe0fd16a0290711449-V
Абдулло Шоҳиён
Эҳсон Абдуллозода

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика