Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қоидавайронкуниҳо дар самти бехатарӣ аз сӯхтор ошкор карда шуданд

072

Сӯхтор ҳодисаи нохушест, ки аксар вақт дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва ё риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз тарафи одамон ба вуқӯъ омада, боиси расонидани хисороти зиёди иқтисодию таъсири бади маънавӣ ба онҳо мегардад.
Бинобар сабаби дар фасли сармо эҳтиёҷ ба гармӣ зиёд гардидан ва афзоиши истифодабарии ҳар гуна асбобу таҷҳизоти гармидиҳандаи барқию газӣ, инчунин печҳои гуногуни аловӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва муассисаву иншооти мухталиф, фасли зимистон яке аз мавсимҳои сӯхтортаҳдидкунанда ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар муассисаву ташкилот, корхонаву иншооти мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ-омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина, чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ дар кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки соҳибхонаи №2 шаҳрванд Ҳайдаров Ҳабибулло манзили истиқоматии хешро бетартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шаҳрвандон ба иҷора додааст. Вале, ҳуҷраҳои зист ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набуда, пайвасти кабелу ноқилҳои барқӣ дар онҳо урёну овезон буда, барои гарм кардани ҳуҷраҳо иҷоранишинон аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти барқии худсохт васеъ истифода мебаранд, ки ин амали онҳо дар баробари масрафшавии барзиёди неруи барқ, ҳодисаи нохуши сӯхторро низ ҳар лаҳза метавонад ба миён оварад. Бинобар ин, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбати соҳибхона парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо муҳлат дода шуд.
Ба ҳамин монанд дар кӯчаи Бини Ҳисорак №№118 ва 119-и ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи шаҳрванд Худойдодов Нураҳмад 38 ҳуҷраҳои манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ба иҷора додааст, ки дар онҳо низ оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда намешаванд. Аз ҷумла, кабелу ноқилҳои барқӣ урёну овезон буда, аз фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода бурда мешавад. Инчунин барои муътадил намудани ҳарорати ҳуҷраҳои зист ва омода намудани хӯрок иҷоранишинон аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти барқии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, васеъ истифода менамоянд, ки чунин беэътиноӣ эҳтимолияти хавфи ба амал омадани сӯхтор ва таҳдид ба ҳаёту саломатии худи онҳоро дар пай дорад.
Вобаста ба ҳолати қоидавайронкуниҳои ҷойдошта, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбати соҳибхона парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат муқаррар карда шуд.
Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика