Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 ноболиғ бар асари садамаҳои нақлиётӣ

023

1-уми декабри соли 2021, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21063», Бафоев Ҳазратқул Шоимқулович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Абдуқаҳҳорова Шукрона Беҳрузовна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ, Абдуқаҳҳорова Ш.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
1-уми декабри соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исохонов Дилшод Қарахонович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ҳабибов Худойдод Яқубович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи зикргардида бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» хурдсол, Фирузшоҳзода Шаҳодат, соли таваллудаш 2019, ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари автомашина, Исломов Зиёратшо Лақаевич, соли таваллудаш 1961, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика