Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии ҷавонони фаъол бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

IMG-62dfb28eff55dea86a0ab262e8ff7f61-V

Рӯзи 1 декабри соли 2021 як гурӯҳ ҷавонони фаъол, ки бо роҳбаладии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор доранд, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарият ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат вохӯрии судманд доир намуданд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муминҷон Машокир оғоз бахшида, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони фаъол ҷиҳати ташкили чунин вохӯрии мақсаднок изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб аз содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ, гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, ба ҷавонон аз оқибатҳои номатлуби кирдорҳои ҷиноятӣ ҳушдор дод. Ҳамзамон номбурда аз дастовардҳои замони Истиқлолит, рушду тарақиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдовар шуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо ҷавонон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Ҷавонони фаъол низ оид ба рушду такомули Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардида барои соҳибкасб гардидани ҷавонон ибрози назар намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон вобаста ба тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дури ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо намуда, ҷавононро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят карданд.
Дар фарҷом як қатор омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аз ҷумла ректори Донишгоҳ Шарифзода Муминҷон Машокир аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин ба як қатор донишҷӯёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома тақдим карда шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст.IMG-25cbf7819f6b0028b91a571125627fc8-V
Абдулло Шоҳиён
Абдуллозода Эҳсон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика