Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

030

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2020, марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, дар назди бинои Сирки давлатӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз назди бинои навсохташуда, воқеъ дар назди бинои Сирки мазкур хонаи 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад. Аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи апрели соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел Зафира», ки арзишаш 47 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба иҷора гирифта, онро фурӯхта, маблағи ба дастовардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика