Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳринав: Баррасии масъалаҳои муҳим дар мулоқот бо муҳассилини мактабҳо

245035725 1286685338418881_4480243280765869445_n_1

Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққат дода мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ин гуна равобит, кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Тавре маълум аст, чунин ҷамъомадҳои судманд, ки бо иштироки доираи васеи намояндагони бахшҳои гуногун, аз ҷумла масъулини соҳаи маориф, омӯзгорону муҳассилин ва волидони онҳо гузаронида мешаванд, дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин як ҷамъомади судманд бо иштироки роҳбарият ва кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳринав доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав, шумораи зиёди омӯзгорон, волидону мактаббачагон ва масъулини як қатор бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок намуданд. Зимни баромад дар чорабинӣ муовини сардори РОПҲНҶ ВКД полковники милитсия Пирмадзода Бердӣ Давлат аз пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки яке аз чунин бахшҳо, ки тайи ин солҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардидааст, соҳаи мактабу маориф мебошад.
Дар ин вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону мактаббачагон доир ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, инчунин вобаста ба дигар масоили марбут ба таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон ибрози назар карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур, дар баробари баррасии масоили васеи марбут ба кору зиндагии ноболиғону ҷавонон, ҳамзамон, созмондиҳандагони он ба масъалаи ҳисси масъулиятшиносии волидон дар тарбияи фарзандон, ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон, назорати кору фаъолият ва рафтору кирдори ҳаррӯзаи онҳо ва мустаҳкам намудани робитаи тарафайн миёни мактабу оила ва мақомоти корҳои дохилӣ низ дахл намуданд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин оид ба оқибати ба амалҳои хатарнок даст задани ноболиғону ҷавонон, қоидаҳои ба мактаб бо либоси мактабӣ омадану бе телефонҳои мобилӣ дар дарсҳо иштирок кардан ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти насли наврас изҳори назар карда шуд.
Тавре дар ин мулоқот қайд карда шуд, ҷой доштани ҳолатҳои муноқишаҳои байнимактабӣ ва иштироки баъзе ҷавонони тоҷик дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ воқеан боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидаанд. Зикр карда шуд, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти оламшумул мебошанд, аз ин рӯ, даст задани ноболиғону ҷавонони тоҷик, ки ояндасозони миллати мо мебошанд, ба чунин амалу кирдорҳои ношоиста ба мақому мартабаи миллат ва давлати ҷавони мо дар арсаи ҷаҳонӣ иснод меорад.
Дар ин вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба амалҳое, ки боиси доғдор гардидани рӯзгори минбаъдаи насли наврас шуда метавонанд, изҳори андеша намуда, аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳринав даъват ба амал оварданд, ки аз ҳар лаҳзаи мактабхонӣ самаранок истифода намуда, баҳри азхуд кардани илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар интиҳои ин вохӯрӣ зикр карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шуда, мақсад аз онҳо тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ мебошад.
Дар қисмати дигари ҷамъомади судманд аз тарафи созмондиҳандагони он ба як қатор ҷавонони фаъол ҷиҳати иштирокашон дар чорабиниҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ Ифтихорномаву Сипосномаҳо тақдим карда шуд, ки рафтору муносибати пурмасъули онҳо дар ҳузури хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳринав мояи ифтихору сарфарозӣ арзёбӣ карда шуд.
Абдулло Шоҳиён,
Дилшод Холов,
кормандони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика