Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати бобою набера дар ҳодисаи нақлиётӣ

5-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҷалолов Ҳомидҷон, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Кучкак-Исфара-Гулистон» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ГАЗ-330210», таҳти идораи ронанда, Партовов Саидмаҳмад Давлатович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҷалолов Ҳ. ва набераи хӯрдсолаш Ҷалолов Муҳаммадюсуф Муҳиддинович, соли таваллудаш 2011, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҷалолова Замира Раҳимовна, соли таваллудаш 1963 ва Ҷалолова Зарина Абдуҷабборовна, соли таваллудаш 1994, хӯрдсол Ҷалолов Аъзамҷон Муҳиддинович, соли таваллудаш 2018, сокинони ҳамон ҷо ва ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-330210» Партовов С.Д. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика