Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 19:00, Файзуллоев Абдусаттор, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлол, бо воситаи дучархаи тамғаи «Скутер» бо ҳамроҳии ҳамсараш Раҳматова Ҳайтбиби Норматовна, соли таваллудаш 1955, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Камсомол, аз уҳдаи идора кардани скутер набаромада, ба велосипедрони ноболиғ, Амирбеков Хушқадам Хуррамович, соли таваллудаш 2011, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Раҳматова Ҳ.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
1-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳайитматов Маҳмадалӣ Ҷуманбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Гулшан, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҳайитматов М.Ҷ. ва мусофири дар дохили автомашина буда Ҳалимов Достон Рустамович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика