Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷинояткорон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 23-26-уми сентябри соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ҳолати аз ҳиссиёти авбошӣ оташ задани воситаҳои нақлиётии тамғаҳои «Тайота Прадо», рақами қайди давлатияш ТJ 7007АВ 04 ва «Тайота Ленд Крузер», рақами қайди давлатияш TJ 0065 AA 04 ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсияти нафарони ҷиноят содиркарда муайян карда шуда, баҳри дастгир ва ба ҷавобарии ҷиноятӣ ҷалб намудани онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика