Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиёти марговар

Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Корола», Иброҳимов Нусратулло Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Садурдинов Саймуддин Шарҳуддинович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Мутаассифона, 15-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Муқимов Ваҳоб Воҳидович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абдуллоев Муҳибулло Зайдуллоевич, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкурро, ки роҳи мошингардро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Абдуллоев М.З. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика