Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бархурдани автомашинаи боркаши тамғаи «ХОВА» ба 7 воситаи нақлиёт

167

Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ХОВА», Хуршеди Қурбонмад, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чанок” аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб низоми тормози воситаи нақлиёташ аз кор баромада, ба автомошинаҳои тамғаи “Тайота-Рунес”, таҳти идораи Яқубов Илҳом, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Мусозода Бахтиёр, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан, тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи Арбобов Туфайлӣ, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ, тамғаи “Мерседес-Атеко”, таҳти идораи Бобоҷонов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, тамғаи “Тойота-Превия”, тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Тилябов Яхшибой, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Панҷакент ва тамғаи “Опел-Астра”, бархурдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунес”, Яқубов И. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Ҷӯрақулова Гулистон Ҳамроқулловна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаҳо: Холиқзода Шукрона, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ноболиғ Қурбонзода Дамирик, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Панҷакент, Раҳимов Баҳодур, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд, Шарипов Дилшод Муҳсиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Ҳисор, Бобоҷонов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд ва Негматов Ҳабибулло, соли таваллудаш 1996, сокини вилояти Суғд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика