Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2019, дар ноҳияи И.Сомонӣ директори ҶДММ “Толсохтмон”, марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар масоҳати 60-метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, номбурда моҳи июли соли 2019, дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ҳамин роҳ ба боварии зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, 10 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 9 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика