Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани амалҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаҳои 247 ва 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аввалҳои моҳи июни соли 2021 ба боварии зани 34-сола ва шавҳараш марди 36-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур даромада, аз онҳо 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ба онҳо 0,06-га қитъаи замин аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Валиҷон”-и ноҳия, воқеъ дар деҳаи номбурда, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷудо карда додааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 45 ва 35-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, аввалҳои соли 2021, ҳангоми дар назди мағозаи Гулистон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанашон бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Порше”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро баъд аз 2-моҳ бармегардонанд, аммо номбурдагон автомашинаро фурӯхта, 3 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика