Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду пиёдагард дар натиҷаи ноуҳдабароии ронандагон

Рӯзи 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Карола», Исломзода Абдуқаюм Қувват, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Назиров Хуршед Фирдавсович, соли таваллудаш 2017, сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Назиров Х.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, автомашинаи тамға ва ронандааш номаълум ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе, дар вақти гардиш ба тарафи деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ, пиёдагард шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Афғонистон, Рози Амин, соли таваллудаш 1989, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Рози Амин, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камрӣ», Ибодов Умедҷон Неъматович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика