Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ

1869

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштироки сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод баргузор гардид.
Сардори РВКД дар ВМКБ иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрику шодбош намуда, ба ҳамагон тансиҳатию хонаободӣ ва сулҳу суботи ҳамешагии кишварро таманно намуд.
Зимни баромад Мирзомуродзода Р. дар чорабинӣ қайд намуд, ки солҳои аввали Истиқлолият барои ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон солҳои ниҳоят вазнин ва гарон афтода, маҳз кушишу заҳмати азими хастанопазири шабонарӯзии халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки сулҳу субот дар кишвар таъмин, низоми конститутсионӣ барқарор ва ваҳдати миллӣ ба даст ояду як миллион фирориён ба Ватан баргардонида шуда, рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ, низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар аз сари нав ташкил ва ба нафъи халқу давлат рӯз то рӯз беҳтару хубтар кор кунанд. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд, Ваҳдату Истиқлолияти кишварамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва баҳри пойдории ҳамешагии сулҳу суботи кишварамон саю талоши худро доимо равона созем.
Сардори Раёсат қайд намуд, ки дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, ҳамеша дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳамагуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва РВКД дар ВМКБ ба ниёзмандон, хонаводаҳои камбизоат, барҷомондагон, ятимон, шахсони дорои маъюбият, кумак расонида мешавад.

187018711872

Масъулини ҷамоати деҳоти Язгулом низ бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Қайд доштанд, ки мо сокинони ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ хамеша аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор мебошем, ки маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат ноҳияи Ванҷ ва ҷамоати деҳоти Язгулом дар даврони Истиқлолияти кишвар ба як қатор дастовархои бузург ноил гардиданд.
Сокинон низ дар навбати худ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти комили давлатӣ ибрози ақида намуда, барои дастгириҳои пайваста миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД баён намуданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд ва чорабинӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид.

Далер Чоршанбе, майори милитсия,
Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика