Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорони ВКД фаъолияти нимсолаи худро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд

1908

Бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзҳои 21-22-уми августи соли равон ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Созмони собиқадорони ВКД дар нимсолаи аввали соли 2021, дар Осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД баргузор гардид Дар ин нишаст раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Амрохон Раҳимзода, аъзои президиуми Созмони собиқадорон, раисони Шӯроҳои собиқадорони РВКД ва ШВКД-ҳо дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, РВКД дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт, инчунин раисони Шӯроҳои собиқадорон аз ШВКД-ҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва кормандони дастгоҳи марказии ВКД иштирок намуданд.

190919111910

 

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷурахонзода оғоз намуда, пеш аз ҳама барои ташкил ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии созмон дар ин осоишгоҳи табобатӣ-истироҳатии хушбоду ҳаво ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода самимона сипосу миннатдории худ ва ҳозиринро баён намуд.
Мавсуф қайд кард, ки имрӯз ҳамаи мо, тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар остонаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва барои ҳар як фарди тоҷик ин ҷашни бузургу неъмати бебаҳо мебошад. Ба ифтихори ин ҷашн ҳамаи шумоён ва наздикону пайвандонатонро табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дарози бобаракат, некбахтиву хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.
Зимни баромади худ раиси Созмони собиқадорон Саид Ҷурахонзода оид ба фаъолияти пурсамари Созмони собиқадорон ва шӯроҳои ҷамъиятии он дар ҷойҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон суханронӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи созмон, фармону дастурамалҳои танзимкунандаи самти корӣ ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳ монда, аз аввали сол то ба имрӯз баҳри самаранок истифода бурдани таҷрибаи бойи собиқадорон дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, риояи одобу муоширати кормандони милитсия бо сокинон, дарки ҳисси масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи Ватандӯстиву Ватанпарварӣ ва содиқона хизмат намудан ба давлату миллати хеш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем.
Дар идомаи суханронии худ мавсуф махсус қайд кард, ки гарчанде созмон ва шӯроҳои собиқадорони ВКД худ зодаи замони соҳибистиқлолӣ бошанд ҳам, фаъолияти онҳо дар ин даврон зимни роҳбарии Вазирони корҳои дохилӣ Шарипов Ҳ.Ҳ., Қаҳҳоров А.А. ва Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷонноку назаррас гардида, таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи ин роҳбарони кордону оқил қарор дода шудааст.
Ин аст, ки имрӯз бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ собиқадорону нафақахӯрон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои кормандони фавтидаву камбизоат ва маъюбон бо табобату истироҳат дар дармонгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобативу фароғатии ВКД фарогир шуда, ҳамзамон дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо ба онҳо кумакҳои пуливу молӣ расонида мешавад.
Чуноне дар рафти ҷаласа қайд гардид, айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 88 ташкилоти ҷамъиятии Созмони собиқадорон фаъолият менамоянд, ки аз инҳо раисони созмони собиқадорони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб бо музди меҳнат таъмин карда шудаанд. Инчунин, раисони собиқадорони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД аз ҳисоби воҳидҳои мазкур бо маош таъмин гардидаанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа раиси Созмони собиқадорони ВКД Саид Ҷурахонзода аз натиҷаи тамоми самтҳои фаъолияти созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гузаронидашуда бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомот, иштирок дар семинару конфронсҳо, саҳмгузории собиқадорон дар корҳои ҷамъиятӣ, аёдати маъюбону беморон, санҷиши ҳуҷҷатгузориву корбарии шӯроҳои собиқадорон дар ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби аъзои созмон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ метавонем тамоми собиқадорону нафақахӯроне, ки хоҳиши ба истироҳатгоҳҳои табобативу фароғатии ВКД рафтанро доранд, таъмин намоем, ки дар ин истироҳатгоҳҳо тамоми шароити истироҳатӣ муҳайё карда шудаанд.
Дар чорабинии мазкур раисони Шӯроҳои собиқадорони РВКД ва ШВКД-ҳо дар шаҳри Душанбе, РВКД дар вилояти Хатлон, инчунин раисони Шӯроҳои собиқадорони ШВКД-ҳои Ваҳдат, Шаҳринав, Роғун, Кӯлоб, Файзобод аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи худ, пешрафту дастовардҳояшон мухтасар маълумот доданд, ҳамзамон барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корбарӣ ва ҳарчи тезтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти фаъолият дастуру супоришҳо гирифтанд.
Дар идомаи ҷаласа муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Амрохон Раҳимзода ба сухан баромада, аввалан ҳозиринро бо фарорасии ҷашни миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта, зикр кард, ки шумо, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, нафароне ҳастед, ки баҳри пешрафти тамоми самтҳои ин сохтор заҳмат кашида ҳиссагузорӣ намудаед, баҳри оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сина сипар намудаед.
Итминон дорам, ки имрӯз низ ҳар як собиқадору нафақахӯри мақомоти корҳои дохилӣ дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва мутахассису кордон гардидани онҳо, пешрафти тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ нақши калидии худро мегузоранд.
Бори дигар раиси Созмони собиқадорон Саид Ҷурахонзода ва иштирокчиёни чорабинӣ ба роҳбарияти ВКД, ба сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилӣ барои зоҳир намудани ғамхории рӯзафзун ба собиқадорон миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавони милитсия саҳми арзандаи худро мегузоранд.

1912

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ва Фармоиши Созмони собиқадорони ВКД як қатор собиқадорону нафақахӯрон, ки дар самти фаъолият ва корҳои ҷамъиятӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва дар тарбияи кадрҳои ҷавони милитсия саҳмгузорӣ намудаанд, бо туҳфаҳои арзишноки хотиравӣ, Сипоснома, Ифтихорнома, Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Р. Илёсов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика