Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати се нафар дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

Рӯзи 20-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ғаниев Ғаниҷон Ғафурович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба канори роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Ғаниев Ғ.Ғ ва мусофири дохили автомашина Аскаров Анвар Толпиолиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар Ортиқов Нодир Раҳимович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати мазкур ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика