Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ ВИНСТРОМ”, Ҳидоятов Сироҷиддин Атовуллоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори чапи роҳ бархурдааст. Дар натиҷа мусофири автомашина Зокирова Ойша, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи мазкур Ҳидоятов С.А ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Инчунин, санаи 31-уми июли соли 2021, тахминан соати 10:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Авента», Асоев Адибшо Ҷаъфарович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди “Душанбе-Чанок-Варзоб» аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб дар 15-км шоҳроҳи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел Астра», ки таҳти идораи ронанда Юлдошов Ғуломҷон Ғаниевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Турсунзода бархурда, ҳаракаташро идома дода, боз ба автомашинаи тамғаи «ДЭУ Тико», ки таҳти идораи Ҳамдамов Алимардон Аҳмадович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Куштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бархурда, ба соҳили дарёи «Варзоб» афтадааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Авента», Асоев А.Ҷ. ва мусофири автомашинаи мазкур ҳамсараш, Ибронова Рухшона Ҷаборовна, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Сипас Ибронова Р.Ҷ. пас аз як соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 19:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Исмоилов Садриддин Аҳкомович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Шогадои ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар 242-километри шоҳроҳи Ваҳдат–Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, дар назди манзили истиқоматии, Ҳақназарова Кибриё Худойназаровна, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш чапа шудааст.
Дар натиҷа шахсони дар назди дарвоза нишаста, Ҳақназарова К.Х. ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад ва Ҳакимов Ҷумъабой Акбарович, соли таваллудаш 2007, Тоиров Абдулло Қурбонович, соли таваллудаш 1991, Тоирова Зарина Доробовна, соли таваллудаш 2002, Тоиров Муҳаммад Абдулоевич, соли таваллудаш 2010, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, санаи 1-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Ланкрузер”, Наботов Дилшод Абдулмуъминович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат карданаш аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи “Душанбе-Данғара-Кулоб” дар км-44 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда, Юсуфзода Ҳабибулло Қарахон, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак қарор дошт бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашина тамғаи “Опел-Астра”, Юсуфзода Ҳ.Қ. ва мусофири дар дохили автомашина буда бародараш, Қарахониён Раҷабалӣ Қарахон, соли таваллудаш 1993 , сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Мутаассифона, рӯзи 31-уми июли соли 2021, тахминан соати 17:33-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Саната», Азиззода Маъруфҷони Абдуғаффор, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Б.Буранови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Ромит ба самти маркази шаҳри Ваҳдат дар 37-ум км роҳи мошингарди “Ромит-Ваҳдат” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Саидова Низора Нуриддиновна, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур, ки дар бағалаш хӯрдсол, Алимзода Ансори Бобоҷон, соли таваллудаш 2019, буд пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Саидова Н.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда ва хӯрдсол, Олимзода А.Б. ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 1-уми августи соли 2021, тахминан соати 2:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», Муъминов Ҳоҷиакбар Соҳибҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ҳисор”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба симчӯби канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашинаи мазкур буда, Аҳмадзода Ғолибҷони Абдулҳодӣ, соли таваллудаш 1995, сокин ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи, 1-уми августи соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бекмуродов Фирдавс Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Қосимобод ба самти маркази ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Пирова Пайкара Саймировна, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Пирова П.С. ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика