Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сӯҳроби Рустам, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиётиаш набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», ки таҳти идораи ронанда Ашуров Фаёз Шуҳратович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи мазкур бархудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», Облоназаров Расул Шоимназарович, соли таваллуда 1980, сокини ҷамоати деҳоти Бунҷикати ҳамин ноҳия, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Ланд-крузер-200», Рустамзода Изатулло Рустам, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, ба битонҳои муҳофизаткунандаи роҳ бархурда, сипас ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки таҳти идораи Ашуров Комил Валиевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири тамғаи «Тойота Ланд-крузер-200» Акрамов Каромат Абдуллоевич, сокини ноҳияи Темурмалик, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ашуров К.В, ва мусофирони дигари автомашианаи тамғаи «Тайота Ланд-крузер-200», Қурбонов Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1982, Раҳимов Ҷумъахон, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Темурмалик ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика