Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият бахшидани фаъолияти хизматии ХД "Муҳофиза"-и ВКД дар вилояти Суғд

1873

Санаи 29-уми июл ҷаласаи хизматии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума бо роҳбарони аввал, муовинон, сардорони шуъбачаҳо ва командирони ротаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори хадамот полковники милитсия Анварҷон Ализода оғоз намуда, пеш аз ҳама, барои боз ҳам тақвият бахшидан ба пешрафти самти фаъолияти хизматӣ, иҷроиши дурусту саривақтии уҳдадориҳои хизматӣ, ки аз дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бармеояд, суханронӣ намуда, зикр кард, ки корманди милитсия ҳамеша дар ҳама давру замон посдори волоияти қонун ва таъминкунандаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиштагии ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз, мебояд ҳар яки мо баҳри оромиву осоиштагии давлату миллат, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, ҳифзу нигаҳдории иншооту тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро боз ҳам пурзӯр намоем ва бо садоқату хизмати арзандаи худ боварии роҳбарият ва мардуми азизамонро сазовор бошем.
Мавсуф дар идома оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, кушодани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, интизоми иҷроия, кушодани ҷиноят, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, зери муҳофизат гирифтани иншоот, кам намудани қарзҳои дебиторӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷаи шуъбаҳои хадамот суханронӣ намуд.

1874

Таъкид гардид, ки корманди милитсия бояд ҳамкориро бо аҳли ҷамъият беҳтар намоянд ва хушмуомилагию одоби касбиро фаромӯш накунанд.
Дар охир, сардори хадамот полковники милитсия Анварҷон Ализода ба масъулин барои ислоҳ ва бартарафсозии камбудиҳо ва пурзӯр намудани интизоми хизматӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Саидҷамол Муродзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика