Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ дар СХДО ВКД

1868

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июл дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабинии идонаи ботантана доир гардид.
Чорабиниро муовини аввали сардори СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода Маҳбуб бо суханони ифтитоҳи оғоз намуда, кормандони хадамот ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфт. Инчунин зимни баромади хеш мавсуф аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Олии мамлакат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, касби оташнишониро ҳамчун касби пурифтихору бошараф арзёби кардаву аз давраҳои гуногуни ташкилёбии Хадамоти оташнишонӣ ва саҳми арзандаи кормандони он дар ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва моликияти хусусиву давлатӣ аз сӯхтор ёдоваршуда, кормандони ҷавонро ба давомдиҳандаи арзандаи кору фаъолияти собиқадорони хизматнишондодаи соҳа будан ҳидоят намуда, собиқадорони соҳаро ҳамчун як хазинаи тиллоӣи хадамот арзёбӣ намуд.
Сипас, Маҳмудзода Маҳбуб бо арзи эҳтиром суханро барои табрикот ба собиқадорони соҳа дод. Аввалан собиқ сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустаъфӣ, Назарбой Ҷангиев баромад намуда, роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонӣ аз номи собиқадорони соҳа табрик намуда, ба онҳо муваффақияту музаффариятҳои беназирро дар кору фаъолияти шабонарӯзиашон таманно намуд. Раиси Шӯрои собиқадорони хадамот Зоиров Бобо Бахшиевич, инчунин собиқадорони соҳа Бобоёров Аваз Аланазарович, Исмоилов Раҳмон Каримович, Назарзода Худойқул Бӯрӣ, Холзода Хол Барот ва дигарон дар баромадҳои худ аз ҷумла иборз намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ милли, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои доимии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташабусҳои созандаи роҳбарияти Сарраёсат базаи моддӣ-техникӣ ва шароити кории кормандони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Ҳамчунин мақому мавқеъ ва нуфузи Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар ҷомеъа ба маротиб баланд шудааст, ки он орзуи деринаи ҳар яки мо собиқадорон буду, имрӯз ибоиси шодию ифтихори мо шудааст. Инчунин собиқадорон ба тамоми кормандони соҳа дар кору фаъолияташон бурдбориҳо таманно намуда, таъкид карданд, ки ба давлату миллати хеш доимо содиқона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ хизмат намоянд…
Корманди ҷавони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ лейтенанти хизмати дохилӣ Баҳригул Бобиева аз номи кормандони ҷавони хадамот баромад намуда, бо сарфарозию хушнудӣ аз касби худ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ дар назди ҷамъомадагон тантанавор ваъда доданд, ки кормандони ҷавони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содиқона хизмат намудан ба халқу давлат ва Тоҷикистони азизи худ тамоми қувваву донишашонро сарф хоҳанд кард ва давомдиҳандаи арзандаи кору фаъолияти собиқадорони хизматнишондодаи соҳа хоҳанд буд.

1869187018711872

Дар интиҳои чорабинӣ тибқи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода, аз ҷониби муовини аввали сардори Сарраёсат подполковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода Маҳбуб барои хизматҳои софдилонаю содиқона, зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ дар пешгирӣ ва рафъи ҳодисаҳои сӯхтор, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ ва шокор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ ба 220 нафар кормадони соҳа рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаву Раҳматномаҳо тақдим карда шуданд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика