Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду пиёдагарди хурдсол зери чархи автомашинаҳои “Опел-Астра” ва “Таёта Кемри”

Рӯзи 20-уми июли соли 2021, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Набиев Абдурозиқ Абдухолиқович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кулоб ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди Кулоб-Муъминобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкур пиёдагарди хурдсол, Набизода Сардор Некрӯз, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол, Набизода С.Н. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 28-уми июли соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Таёта Кемри”, Амадбеков Содиқ Амадбекович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хоруғ ҳангоми ҳаракат кардан дар км 640-уми шоҳроҳи Душанбе-Кулоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон хурдсол, Шамиров Денис Салимович, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол, Шамиров Д.С дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика