Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо

1478

Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани дастуру супоришҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии ҳамагири коронавирус ҳафтаи сипаригардида сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияҳои Айнӣ, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Истаравшан сафари хизматӣ намуда, аз рафти фаъолияти шуъбаҳои хадамот дар ноҳияҳо дидан намуд.
Зимни боздид аз шуъбаҳои «Муҳофиза»-и навоҳии мазкур сардори хадамот бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ниҳодҳои номбурда суҳбату вохӯриҳо кард.
Полковники милитсия Анварҷон Ализода дар баромадҳояш дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро оид ба пешгирии паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус (COVID-19) ба ҳайати шахсии ин ниҳодҳои зертобеъ расонид. Номбурда таъкид кард, ки ҳарчанд кормандони хадамоти мазкур ва воҳидҳои поёнии он пурра аз эмгузаронӣ оид ба бемории мазкур гузашта бошад ҳам, ҳар як корманд мебояд дар раванди эмгузаронии дӯстону пайвандонаш бетараф набошанд ва онҳоро барои гузаштан аз эмгузаронӣ талқин намоянд. Инчунин, дар амалӣ гардидани ин маъракаи дастаҷамъона беэътиноӣ зоҳир накунанд.
Ҳамзамон, мавсуф оид ба иҷрои саривақтиву босифати вазифаҳои хизматии соҳа як қатор дастуру супоришҳо дода, зикр кард, ки Хадамоти давлатии «Муҳофиза» баҳри ҳимояи моликияти давлатӣ, шахсӣ ва осоиштагии халқ фаъолияти худро ҳарчанд дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда бошад ҳам, вазъияти марзии имрӯзаи кишвар аз ҳар яки мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

147914801481

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22-юми июли соли равон зимни суханрониашон дар баргузории паради ҳарбӣ ҷиҳати омодабошии ҷангӣ «Марз-2021» изҳор доштанд: «Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад». Аз ин лиҳоз, аз тамоми кормандони соҳа талаб карда шуд, ки то ҷиҳати боз ҳам хуб ба роҳ мондани омодабошии ҷангии ҳайати шахсӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамчунин, дар доираи сафари хизматӣ сардори хадамоти мазкур бинои нави Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Конибодомро, ки бо ҷалби соҳибкорони Ватанӣ аз таъмири пурраи капиталӣ бароварда шуд, мавриди истифода қарор дод.
Бояд қайд кард, ки азнавсозии бинои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, баъди азнавсозӣ бинои шуъбаи мазкур шукӯҳи хоссаеро ба худ касб кард.
Сӯҳбату вохӯриҳо дар самти мазкур идома доранд.

Саидҷамол Муродзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика