Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 19-уми июли соли 2021, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Ваз 21099», Ҷалолов Ином Ҳалимҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Росияи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз тарафи шоҳроҳи Кулоб-Восеъ-Душанбе, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ойшамоҳи Суҳроб, соли таваллудаш 2009, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Ойшамоҳи Суҳроб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст
Мутаассифона, санаи 19-уми июли соли 2021, тахминан соати 06:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс (Спринтер)”, Буриев Муҳаммадҷон Маҳмадович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кулоб дар 50-ум километр, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда, Солиев Комрон Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс (Спринтер)”, Буриев М.М ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Солиев К.А, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шокиров Шаҳриёр, соли таваллудаш 1998 ва Тоҷиев Шоҳин, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика