Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкоршавии ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Бохтар

1460

Ба Шуъбаи ВКД дар шахри Бохтар шаҳрванд Асимов Руслан соли таваллудаш 1978 сокини шаҳри Конибодом бо ариза муроҷиат намуд, ки шаби 3-юми июли соли равон аз манзили иҷоравияш, вокеъ дар кучаи Логинаи шаҳри Бохтар шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ворид гашта, аз дохили ҷузвдонаш маблағи 25.000 долари ИМА ва 3000 рубли русиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯи ба кормандони милитсия муяссар гашт, ки шахсияти гумонбари ин ҷинояти дӯздиро ошкор намуда, ба кирдорхои ғайриқонунии ӯ хотима гузоранд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Миралиев Каримҷон аз фурсати ба худ муносиб аз набудани ҷабрдида дар макони зист, истифода карда, шабона тариқи пинҳонӣ вориди манзил мегардад ва аз ҷузвдони Асимов маблағҳои пулии дар боло зикршударо тасарруф менамояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Хушбахтона, дар зарфи ду шабонарӯз аз ҷониба кормандони шӯъбачаи кофтуковии ШВКД дар шаҳри Бохтар гумонбаршуда дастгир шуда, оиди дӯздии маблағҳо пурра иқрор гардид, ки бо кирдорҳои қасдонаи хеш ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидааст.

14611462

Бо назардошти он ки дар кирдори Миралиев Каримҷон бараъло аломатҳои таркиби ҷиноят ҷой доранд, нисбаташ дар шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика