Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорат ва ташвиқоти нозирони БДА барои пешгири аз “Covid-19” дар Суғд

 1449

Хуруҷи мавҷи навбатии бемории сирояти “Covid-19” ҳамагонро водор менамояд, ки чораҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зидиэпидемикӣ кормандони ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва муассисаю ташкилотҳои мусофиркашонӣ санҷишҳои назоратӣ ва корҳои ташвиқотӣ мегузаронанд. Чунончӣ, аз ҷониби масъулини шуъбачаи техникии ШБДА дар вилояти Суғд мунтазам рафти тамизкунӣ ва ҳолатҳои техникии воситаҳои нақлиёти мусофиркаш пеш аз ба сафар баромадан санҷида мешаванд. Тавре дар корхонаи давлатии комуналии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд зимни санҷиш маълумот доданд ҳамарӯза то се маротиба бо истифода аз маҳлули гидрохлариди натри дохили нақлиёти мусофиркашро дизинфексия мекунанд.
Талаботи БДА аз ташкилотҳои мусофиркашони дар баробари бенуқси техникӣ будани нақлиёти мусофиркашонии сафарбаршаванда, ҳамзамон дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт, дар нақлиёт мавҷуд будани маҳлулҳои безараргардонӣ, бениқоби тиббии муҳофизатӣ интиқол надодани мусофирон ва риояи масофаи беҳдоштӣ дар дохили нақлиёт мебошад.
Тибқи дастури масъулини шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҷамъияти саҳомии кушодаи “Сорбон” ва “АРЗ-4”-шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ “Ронанда № 1” дар ноҳияи Б.Ғафуров низ ҳамарӯза ҳангоми ба хизматрасонӣ сафарбар намудан воситаи нақлиёт тамиз ва вазъи саломатии ронандаро месанҷанд. Таъмини ҳамингуна талаботро нозирони БДА дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ташкилотҳои мусофиркашонӣ талаб намуда санҷиш ва назорат менамоянд.
Ҳолатеки БДА-ро бетараф гузошта натавонист ин сарфи назар намудани тартиби муқарраршудаи Ситод оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зидиэпидемикӣ аз ҷониби бархе аз ронандагон ва шаҳрвандон аст, ки бе ниқоби тиббии муҳофизатӣ аз воситаҳои нақлиёти мусофиркашон истифода бурда ҳаёту саломатии на танҳо худ, балки атрофиёнро низ зери хатар мегузоранд. Ҳол он, ки ронандагон уҳдадори гирифтаанд, ки мусофирони бениқобро ба нақлиёт роҳ надиҳанд. Зеро тибқи дастур ва тавсияи табибон амал карда чораҳои беҳдоштиро риоя намудан барои эмин мондан аз сирояти бемории паҳншавандаи “Covid - 19” мусоидат карда метавонад.

1450145114521453

Кормандони БДА дар вилояти Суғд дар баробари назорати интизоми иштирокчиёни ҳаракат ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани маърифати зидивирусии шаҳрвандон корбарӣ хоҳанд кард.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика