Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксияи « Пешгирии коронавирус» дар вилояти Хатлон

1444

Санаи 8 то 9-уми июли соли 2021 бо дастуру супоришҳои Роҳбарияти Раёсати ВКД–и вилояти Хатлон дар роҳравҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ, кӯчаву бозорҳои марказии шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Вахш, аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур ва кормандони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳо аксия таҳти унвони «Аксияи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус» гузаронида шуд.
Кормандони милитсия дар маҳаллаҳо бо шаҳрвандон суҳбатҳо анҷом дода, барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) варақаҳои таблиғотӣ ва дигар маводи маърифатӣ паҳн карданд. Инчунин қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, аз қабили ба таври ҳатмӣ пӯшидани ниқоб, ҳангоми суҳбат нигоҳ доштани фосилаи на камтар аз 1,5 - 2 метр, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар маҳлулҳои зиддивирусӣ ва амсоли инҳоро таъкид доштанд.
Дар ин аксия 700 адад ниқобҳои муҳофизатӣ, 500 адад маҳлулҳои спиртӣ, варақа - таъкидҳо ба шаҳрвандон ройгон тақсим карда шуд.

1445144614471448

Ҳамзамон дар кори аксия кормандони БДА ШВКД дар шаҳри Бохтар фаъолона ширкат варзида, байни аҳолӣ доир ба риояи гигиенаи шахсӣ, иҷрои ҳатмии пешгирии бемории сироятии COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки бе ниқобу маводҳои инфиродии эҳтиётӣ гаштугузор нанамоянду худ ва дигаронро аз ин бемории сироятӣ ҳифз намоянд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика