Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Оптима», Эралиев Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди «Истаравшан-Деваштич», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёташ набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрда, сипас автомашина оташ гирифтааст.
Дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми зиёди автомашина сӯхта, корношоям гардида, ронандаи автомашина Эралиев А.Т. ва мусофираш зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигараш хурдсол, Зарипова Суғдиёна Санҷаровна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, санаи 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 12:50-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоев Беҳрӯз Мирзоҳамроевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард, Латифов Абдуғанӣ Сабурович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Латифов А.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика