Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон - пояи давлат

1442

Имрӯз (09.07.2020 с.), тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар Вазорати корҳои дохилӣ, дар мавзӯи омӯзиши Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳти унвони “Забон - нишони миллат ва пояи давлат” дарси хизматӣ доир гардид.

Сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума зимни маърӯзаи худ оид ба мафҳуму муҳтаво, таърихи пайдоши забони тоҷикӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатӣ изҳори андеша намуд.
Мавсуф зикр кард, ки Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони Истиқлоли давлатӣ, ҳамзамон дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад. Яъне, тавассути ин қонун, ки иборат аз 7 бобу 28 модда мебошад, забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардидааст.
Дар идома Анварҷон Ализода афзуд, забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин хотир, мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ҳар як давлату миллат хоҳ бузург бошаду хоҳ кӯчак бо забон зинда аст, яъне забон мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти давлат ба шумор меравад. Ба ин маънӣ, муайян кардани муносибати давлат нисбат ба забон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Давлат, миллат ва забон мафҳумҳои тавъаманд. Вале чун давлат ва миллат соҳиби забон ҳисоб меёбанд, пас муҳофизату ғамхорӣ нисбат ба забон ҳам ба дӯши ҳар як фарди соҳибватан аст.
Дар интиҳои маърӯза Анварҷон Ализода аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки: “Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии забони модарӣ масъулият дорем. Ҳар яки моро месазад ин арзиши бебаҳои миллиро посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем”.

1443

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони ВКД вобаста ба қонуни мазкур саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Саидҷамол МУРОДЗОДА




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика