Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи чаппа шудан воситаи нақлиёт

Рӯзи 6-уми июли соли 2021, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Хоҷаламов Эргашалӣ Султонович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар 75-км, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронанда Хоҷаламов Э.С. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика