Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 26-уми январи соли 2021, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба боварии бародараш марди 31-солаи сокини ноҳияи Файзобод даромада, аз ӯ 139 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш қитъаи замини назди ҳавлиги ҷудо карда медиҳад, аммо фиреб дода маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи майи соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ зани 52-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Худи ӯ, бо ҳамин роҳ ба боварии зани 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, миёнаҳои соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ аз ӯ ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Эрон марди 62-солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2007 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе марди 59-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тайота”-ро ба маблағи 4 ҳазору 500-доллари амрикои нархгузори карда гирифта, 600-доллари амрикоиашро дода, боқимонда 3 ҳазору 900-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст. Инчунин соли 2011, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020, дар маҳаллаи Каленини шаҳри Душанбе марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 57 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз руи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика