Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД ВМКБ: Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ рисолати пурмасъулият доранд

1439

Ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро ба муносибати рӯзи касбиашон табрику таҳният намуд. Қайд дошт, ки баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят дигаргунии куллӣ ба миён омад. Дар ин замина дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят рӯи кор омад, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар самти нақлиёт аз худ масъулияти баландро нишон дода, дар зарфи кӯтоҳи вақт ин камбудиро дар ҳудуди вилоят аз миён бардоштанд. Маҳз кӯшишу талошҳои масъулини сохторҳои марбута буд, ки имрӯзҳо тартибу низом дар роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба низоми дуруст дароварда шуд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев зимни баромад қайд намуд, ки таъмини амнияти мардум ва кафили асосии субот пеш аз ҳама аз кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ вобаста буда, кормандон бояд дар ин ҷода масъулиятнок бошанд. Иттилоъ дода шуд, ки яке аз масъалаҳое, ки Роҳбари давлат дар сафарҳои кории худ ба вилоят мавриди таҳлил қарор дод, ин ба низоми дуруст даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят бо пайгирӣ аз ҳидоятҳои Сарвари давлат барои танзими ҳаракати нақлиёт, ҷилавгирӣ аз қоидавайронкуниҳои дағалонаи ҳаракат дар роҳ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз худ масъулияти баландро нишон доданд.

1440

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ВМКБ Вайсзода Бахтиёр аз таърихи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ ёдоварӣ намуда қайд дошт, ки зимни фаъолияти роҳбонон ва танзими воситаҳои нақлиёт чандин кормандон аз худ корнамоӣ нишон доданд ва чандин нозирон барои барқарор намудани волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ҷони худро нисор карданд, ки хотираи эшон ҳамеша гиромӣ дошта мешавад. Ҳамасола тақрибан дар дунё миллионҳо ҳодисаҳои марбут ба нақлиёт рух медиҳанд, ки дар натиҷа нафарони зиёд маҷруҳ ва қурбони садамаҳои нақлиёти мешаванд. Дар замони феълӣ ҳар як кишвари дунё дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, коҳиш додани шумораи рухдии ҳодисаҳои нақлиётӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чунин рисолати пурмасъулият ба дӯши мақомоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Вобаста ба ин бо мақсади пурзӯр намудани назорат аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва ба роҳи дуруст даровардани истифодаи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зиёде андешида, кормандони ШБДА дар вилоят дар ин самт фаъолияти назаррасеро азхуд нишон додаанд. Имрӯзҳо дар шаш нуқтаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ мегарданд, дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда ба фаъолияти шабонарӯзӣ барои таъмини оромию осудагии мардум шабонарӯзӣ хизмат менамоянд, ки ин боиси таҳсин мебошад.
Дар ҷараёни тантанаи ҷашнӣ собиқадорон ва кормандони ҷавони шуъбаи роҳбонӣ бобати фаъолияти назарраси шуъба маърӯза намуда қайд доштанд, ки таҳкими волоияти қонун, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва иҷрои талаботи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кафили сулҳу суботу оромӣ, амнияти шаҳрвандон ва рушду шукуфоӣ дар ҷомеа аст.
Дар ҷамъомад барои хизматҳои софдилонаву содиқона, нишон додани маҳорати баланди касбӣ зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар самти роҳу нақлиёт, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бархе аз кормандон бо Ифтихорнома, медали ҷашнӣ ва мукофотҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Раёсат дар вазъияти идона қадрдонӣ шуданд.

1441

Дар идома аз ҷониби дастаи Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ машқҳои сафороӣ, қадами бонизом ва шеърҳо оиди риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ манзури ҳозирин гардид.

Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика