Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки аз моҳи январи соли 2021 дар саҳифаи интернетии “Одноклассники” бо шахсе бо номи “Алҳамдуллилоҳ”, ки дар саҳифааш сурати духтарро гузошта, худро бо номи “Амина” муарифӣ намудаааст, шинос шуда, бо ӯ бо тариқи хатнависӣ сӯҳбат кардааст. Номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 7-моҳ 400 ҳазор рубли русиро аз ӯ гирифтааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 12-уми июни соли 2021, дар кӯчаи Борбад бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 53 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 10 ҳазор сомониро дода, боқимонда 43 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика