Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 3-юми июли соли 2021, тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аксент”, Нуралиев Эмомалӣ Ҳайдарович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бинои Ҳукумати вилояти Хатлон ба самти чорроҳаи бинои Коллеҷи тиббии иноватсионии шаҳри Бохтар дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Набиев Ғанӣ Набиевич, соли таваллудаш 1942, сокини ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғараро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Набиев Ғ.Н. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 3-юми июли соли 2021, тахминан саоти 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», Мирзоев Тоирхуҷа Акбархуҷаевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Чанок-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», таҳти идораи ронанда Обидов Маҳмадобид Азизмаҳмадович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Баъдан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи «Синотрак», таҳти идораи ронанда Ҷуманов Шаҳзод Хайрулла-Углӣ, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳраки Ҷизахи вилояти Ҷизахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Тайота-Кемри», Обидов М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Синотрак», Ҷуманов Ш.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика