Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозрасии давлатии автомобилӣ 85-сола шуд!

1438

Ҳамасола рӯзи 3-юми июл ҳамчун «Рӯзи таъсисёбии мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ» ҷашн гирифта мешавад.
Моҳи марти соли 1936 Бозрасии давлатии автомобилӣ дар марказ ва дар ҷойҳо ба тобеияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон гузаронида шуда, 3-юми июли ҳамон сол Шӯрои Комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаро «Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилӣ» тасдиқ менамояд. Яъне, имрӯз мақомоти БДА 85-сола мешавад.
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин мақомоти ягонаест, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ мегардонад.
Риояи конунияту таъмини тартибот дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти кормандони соҳаи мазкур алоқаманд аст. Кормандони бозрасӣ пайваста аз пайи иҷрои вазифаи пурмасъули худ буда, шабонарӯзӣ хизмат мебаранд, то теъдоди қоидавайронкунӣ байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ кам гардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо барои баланд бардоштани мақоми корманди БДА шароити мусоидро фароҳам меорад. Тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати БДА бо шароити хуби корӣ таъмин гардида, бо техникаю таҷҳизоти муосир, нақлиёти замонавӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин гардиданд. Маҳз дар ин солҳо дар шаҳру навоҳии кишвар низ даҳҳо биноҳои хизматӣ бунёд гардида, нозирони роҳ бо нақлиёти хизматӣ ва воситаҳои корӣ таъмин гардиданд. Ҳуҷраҳои кории кормандон таъмир карда шуда, бо навтарин технологияи ҳозиразамон таҷҳизонида шуданд.
Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳо дастгоҳҳои наворгиранда насб карда шудааст, ки ин барои ба қайд гирифтани қоидавайронкунӣ ва дигар ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мусоидат менамояд.
Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт, дар асоси талаботи қонуну қарорҳои мавҷудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Иди касбӣ муборак, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон!




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика