Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифодадиҳии Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ворух

1426

Рӯзи 30-юми июн дар маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин марказ дорои шароити муосир, аз ду утоқи барҳавои хизматӣ барои нозирони минтақавии милитсия, ҳуҷраи кории аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошхона ва ҳуҷраи шустушӯ иборат буда, бо таҷҳизотҳои компютерӣ, асбобу аёниятҳои барои дафтари кори пешбинишуда таъмин мебошад.
Маросими ба истифодадиҳии бинои хизматӣ дар ҳузури сокинони маҳаллаи Тоҷикон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ВКД полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара полковники милитсия Фирдавс Шомадзода ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди ШВКД-2 шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ баргузор гашт.
Тавре дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомот таъкид намуданд истифодадиҳии ин иншооти хизматӣ имкон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия дар татбиқи сиёсати давлатӣ, амалисозии низому тартибот ва пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар маҳалли зисти худ фаъолона ширкат варзад.
Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон бунёд гардида, самти фаъолияти он бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмини бехатарии ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бартарафнамоии мушкилоти аҳолӣ ва муҳимтар аз ҳама устуворсозии боварии халқ нисбат ба фаъолияти мақомот ва дар ин замина қавитар сохтани робитаи ҳамкорӣ байни онҳо мебошад. Бо ҳамин мақсад аз ҳисоби фаъолони маҳал ва намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуда, ҷиҳати корбарӣ ба минтақаҳо сафарбар карда мешаванд. Гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ, ташкили вохӯрию мулоқотҳо, семинар-машваратҳои корӣ барои муайян ва бартарафсозии муаммоҳои ҷойдошта вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ ва ташкили чорабиниҳои тарбиявию ҳуқуқӣ маҳаки асосии фаъолияти Марказ мебошад.

14271428

Ёдрас мешавем, ки дар минтақаи Суғд дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июни соли равон ҳамингуна иншооти хизматӣ дар ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан сохта ба истифода дода шуд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика