Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳашари дастаҷамъона

IMG-20210612-WA0010

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Вазири корҳои дохилӣ дар баробари пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта тариқи ҳашар ташкил ва гузаронидани корҳои ободониву бунёдкорӣ, беҳдоштӣ ва тозаю озодасозӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар робита ба ин, 12 июни соли 2021 бо ибтикор ва иштироки роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар бинои навсохтмони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Данғара 67 нафар кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳамбастагӣ бо 20 нафар курсантони коллеҷи оташнишонӣ дар корҳои сохтмонӣ ва рӯйкашу ороиши дохили бино, инчунин сабзу хуррамгардонии саҳни ҳавлии он иштироки фаъолона намуданд. Дар баробари ин, бо ибтикори роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, баҳри аз сӯхтор ҳифз намудани ғаллазорҳои дар канори шоҳроҳҳои автомобилгарди Данғара-Кӯлоб буда, бахусус, дар ҷамоатҳои деҳоти Исмат Шариф, Пушинг, Лолазор, Баҳористон ва ғайраҳо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар якҷоягӣ бо аъзоёни ситодҳои доимамалкунандаи зиддисӯхтории майдонҳои ғаллазор, инчунин аҳолии ин маҳал ва донишҷӯёни Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара, ки дар умум шумораи ҳашарчиён зиёда аз 680 нафарро ташкил намуданд, ба ҳашари дастаҷамъона баромада, бо истифода аз асбобу таҷҳизоти алафдарав ва трактору дигар нақлиёти ёрирасон канори майдонҳои ғаллазорро дар масофаи 4 метр аз алафҳои хушки худрӯй тоза намудаву шудгор карданд. Бояд тазаккур дод, ки чунин чораю тадбирҳои зарурии зиддисӯхторӣ ҳамасола пеш аз оғози дарав ва мунтазам дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорво, аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар тамоми мавзеъҳои ғаллазори ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро ин гуна чорабинҳои муҳиму саривақтии зиддисӯхторӣ аз ҳар ҷиҳат барои таъмини ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ниҳоят зарур мебошанд.

IMG 5463

Мавриди зикри хос аст, ки чунин ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ташаббуси роҳбарияти Сарраёсат рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронда шуда истодааст. Роҳбарият ва кормандони СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он қарор додаанд, ки бо азму иродаи қавӣ ва руҳу илҳоми болида дар ин ҳашарҳои умумӣ доимо фаъолона иштирок карда, дар амри ободонию созондагии кишвари маҳбубамон саҳми муносиби худро гузоранд. Ҳар як кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ифтихор аз он менамоянд, ки ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин дар корҳои ободониву созандагии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Зеро саҳм гузоштан дар ободонии Ватан, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷомеа буда, ба ин восита метавон фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз намуд.

 

Кароматулло Абдуллоев СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика