Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

002

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2019 дар хиёбони Рӯдакӣ, марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 58 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-моҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт марди 37-солаи сокини ш.Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика