Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тайёрии ҷисмонию варзишӣ – омили муҳими хизматбарӣ

8

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҷураев Ориф Олтинович зимни сафари хизматӣ аз РВКД дар ВМКБ, ШВКД шаҳру ноҳияҳои вилоят, Воҳидҳои таъиноти махсуси РВКД дар ВМКБ, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар ВМКБ боздид ба амал оварданд.
521

Гурӯҳи кории мазкур бо мақсади амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии РВКД ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ вохӯрӣ доир намуда, аз сатҳи омодабошии ҳарбӣ, тайёрии ҷисмонию варзишӣ ва савияи дониши кормандон ва хизматчиёни қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ошноӣ пайдо намуданд.
98

Зимни вохӯриҳо оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, таҷлили 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмати софдилонаю содиқонаи кормандон ва хизматчиёни қисмҳои низомӣ ба халқу Ватан, пешгирии ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз суханронӣ намуданд.
Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика