Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ҷавони 19-сола дар натиҷаи чаппа шудани воситаи нақлиёт

029

Рӯзи 10-уми июни соли 2021, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Хоҷаев Наҷибулло Содиқович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 37-ум шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Хоҷаев Н.С. ва мусофиронаш Муродзода Юсуфҷони Қутбиддин, соли таваллудаш 2004, Роибов Шаҳбоз Исомуддинович, соли таваллудаш 2002, сокинони шаҳри мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, мусофири дигари автомашинаи мазкур, Худойдодов Шоҳрух Бобоҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика