Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми июни соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозааш, воқеъ дар бозори “Корвон”-и пойтахт 146-ҷуфт пояфзолҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 965 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии “Ҳасан” ва “Ҳусейн” ном шахсон содир намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муроҷиат намудааст, ки 26-уми апрели соли 2021, ҳангоми дар автобуси хатсайри №18, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 10 ҳазор сомонӣ, 2-адад корти бонкии «Амонатбонк», 2-адад соати дастӣ ва 1-адад равшанидиҳанда (фонарик) дошт, онҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика