Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда, рӯзи 29-уми майи соли 2021, тахминан соати 01:20-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «С.Турсуной»-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотон тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика