Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархурди ду автомашина

Рӯзи 29-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Одилзода Баҳром, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чанок-Душанбе», дар ҳудуди мавзеи “Қумбел”-и ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Шермирзоев Юнусалӣ Юсуфович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Тайота Каролла», Ҷумъаев Содир Тошевич, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурх ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Одилзода Б. ва мусофираш Сироҷиддинов Аслиддин Бобохонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика