Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД Хатлон: Конференсияи илмӣ-амалӣ

1342

Рӯзи 28-уми майи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ ва дурнамои инкишофи он» баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, кормандон ва мутахассисони соҳа аз ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти Прокуратура ва Суди вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Муовини сардори Раёсати мазкур подполковники милитсия Таҷалӣ Диловар Алӣ чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, баргузории чунин як конференсияро барои фаъолияти кори кормандони тафтишот муфид ва сарвақтӣ арзёбӣ намуд.
Чорабинӣ дар ду бахш идома ёфта, баромадкунандагон мавзӯъҳои «Праблемаҳои назорати судӣ ва тафтишоти пешакӣ», «Ваколатҳои прокурор оид ба назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ», «Нақши коршинос (эксперт) ва мутахассис дар мурофиаи ҷиноятӣ. Хусусиятҳои хоси ҳамкории коршинос(эксперт) ва мутахассис бо муфаттиш»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти муфаттишон, масъалаҳои дар раванди мурофиаи ҷиноятӣ гирифтани маълумоте, ки сирри махфии қонунӣ дорад, проблемаҳои мустаҳкам будани мақомоти тафтиши пешакӣ ва дигар масъалаҳои мурофиаи ҷиноятӣ баррасӣ шуданд.

1343

Дар рафти чорабинӣ ба маърӯзачиён аз ҷониби иштирокдорон оид ба хусусиятҳои рафти тафтиш ва таҳқиқ саволҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас шунида шуд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика