Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбегӣ дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ

1339

Бо мақсади саҳмгирӣ дар корҳои ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррам гардонии кишвари азизамон санаи 29-уми май дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат аз тарафи кормандони Дастгоҳи марказии он шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар рафти шанбегӣ аз ҷониби кормандон гирду атрофи бино ва дохили ҳуҷраҳои корӣ боз ҳам тозаву назаррабо гардонида шуданд. Инчунин қитъаҳои замини ҳудуди Сарраёсат ва атрофи онро нарм намуда, дар онҳо тухми нави сабза коштаву гулҳои гуногуни мавсимии нав шинонида шуданд. Ҳамчунин шохаҳои дарахтони солҳои пешин шинонидашударо қаламча намуда, ба тартиби муайян дароварданд.
Бояд қайд кард, ки дар СХДО ВКД миқдори муайяни дарахтони мевадиҳандаю сояфкан ва ороишӣ қомат афрохтаанду шумораи зиёди гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шудааст, ки ин далели табиатдӯстии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва азиз доштани муҳити зист мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррам гардонию тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, инчунин баҳри сазовор истиқболгирӣ ва таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, бо супориши сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода дар рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ба ҳашарӣ умумӣ баромадани кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамин аст, ки иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои созандагиву ободонии ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон васеъ ба чашм мерасад.

1340

Дар амри ободонию созондагӣ, бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандориву хештаншиносӣ саҳми муносиби худро гузоштан, имрӯз барои ҳар як корманди Хадамоти давлатии оташнишонӣ боиси хушнудию сарфарозӣ гардидааст.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика