Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 22-юми октябри соли 2019, марди 47-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Аммо то ҳол фериб карда гашта, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки аз моҳи майи соли 2018 то моҳи апрели 2020, дар кӯчаи Нозим Ҳикмат зани 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ҷамъ ба маблағи 41 ҳазору 500-сомонӣ, 7 ҳазору 400-доллари амрикоӣ ва 25 ҳазору 200-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Нозим Ҳикматро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика