Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагон дар шаҳри Хоруғ

1334


Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии рақами 2 ба номи Давлаталӣ Шабдолов дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо хонандагону омӯзгорон ва волидон бо иштироки сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Рустам Шоҳимардонов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳуқуқи кудак дар шаҳри Хоруғ Гулшод Гулбекова, масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Зубайда Донаёрова вохӯрии судманд баргузор гардид. Вохӯриро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Шарифа Мародасейнова ҳусни оғоз бахшид.
Дар вохӯрӣ зимни баромад сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон нисбат ба наврасону чавонон, қишрхои ояндасози давлату миллат ёдоварӣ намуда, қайд дошт, ки дар даврони соҳибистиклолии мамлакат маҳз бо дастгирии ҳамачонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, наврасону ҷавонони кишвар, тамоми имкониятҳо ва шароити хуби таълимӣ ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

1335

Зикр дошт, ки хонандагони ин боргоҳи илму маърифат пайваста дар ҳамаи олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вохӯриҳову суҳбатҳо, ки дар дохили кишвари азизамон ташкил мегарданд, иштирок намуда, ҳамеша сайю талош доранд, ки дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноятӣ, ҳиссагузор бошанд.
Аммо новобаста аз ин то кунун баъзе аз волидон нисбати фарзандони худ бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир намуда фарзанданошон даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноят содир менамоянд. Бояд қайд намуд, ки нисбати чунин волидон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бо моддаи 90 қонуни мазкур протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда аз онҳо ҷарима ситонида мешавад. Аз ин рӯ волидон бояд ба фарзандони худ диққати зарурӣ дода дар таълиму тарбияӣ онҳо пайваста саҳмгузор бошанд.
Ҷавонону наврасон воқеан нерӯи созанда, насли пешбарандаи ҷомеа ва тақдирсози ҳар миллату давлат маҳсуб ёфта, ояндаи дурухшони ҳар кишвар аз ҷавонону наврасони он вобаста аст.
Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки амиқи ин мафҳум, ин нерӯи созандаву ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, барои рушду такомул, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, омӯзиши илму ҳунар, азхудкунии фаннҳои дақиқ, донишу истеъдод, ба ҳаёти солиму намунавӣ роҳнамоӣ намудан тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам оварда шудааст.
Бо супориши роҳбарияти РВКД дар ВМКБ барои ҳидояту роҳнамоии онҳо аз ҷониби Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ пайваста сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода мешавад.

133613371338

Дар чорабинӣ ҳамзамон оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ дар ҷомеа суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.
Бояд қайд намуд, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гузаронида мешаванд.


Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика