Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи феврали соли 2021 то моҳи марти соли 2021, марди 40-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8-адад автомашинаҳои гуногунтамғаи «Тайота-Кемрӣ», арзишаш 145 ҳазор сомонӣ, «Тайота-Кемрӣ» арзишаш 125 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра-Ҷи» арзишаш 105 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра» арзишаш 35 ҳазор сомонӣ, «Тайота-Кемрӣ» арзишаш 120 ҳазор сомонӣ, «Лексус RX-350» арзишаш 150 ҳазор сомонӣ, «Хундай-Саната» арзишаш 95 ҳазор сомонӣ ва «Хундай-Туқсон» арзишаш 140 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 915 ҳазору 400 сомониро гирифта, аз ин маблағ 251 ҳазору 430-сомониашро баргардонида, боқимонда маблағи 663 ҳазору 970-сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика