Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳматов Ҷаъмахон Нуралиевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат намуданаш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Атовуллоев Сайфулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Себистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Атовуллоев С.Н. ҷороҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:45-дақиқа, ронандаи автомашини тамғаи «Лексус RX 350», Дустмуродзода Нозимҷон Сангинмурод, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳраки Меҳробод ба самти ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», ки таҳти идораи ронанда, Юлдошев Обидҷон Турсунқулович, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Лексус RX 350» Дӯстмуродзода Н.С. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», Юлдошев О.Т. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, санаи 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу леганзе”, Нуруллоев Раҳмоил Шамсуддинович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ховалинг, ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Муродзода Расул Муҳаммади, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Муродзода Р.М. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика